Quantcast
Viewing all articles
Browse latest Browse all 29418

Шабакаҳои телевизионӣ ва радиоии Тоҷикистон ба маҳвораи нав мегузаранд

ДУШАНБЕ, 16.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Шабакаҳои телевизионӣ ва радиоии Тоҷикистон ба моҳвораи нав мегузаранд. Дар ин бора дар сомонаи расмии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар нашр гардидааст.

Кумита дар иттилоия сабаби ба моҳвораи нав гузаштанро бинобар ба анҷом расидани муҳлати шартномаи пахш дар моҳвораи ABS-2, ҳамзамон зарурати ҷойгир намудани телевизионҳои навтаъсиси «Варзиш» ва «Синамо» дар моҳвора бо пахши дақиқияташ баланд (HD), ки бо ширкати «Yahlive» ва «Yahsat» қарордод ба  имзо расонида шудааст, маънидод намудааст.
Дар маҷмӯъ ин 2 моҳвора наздики 30 давлати дунёро пурра ва 17 давлати дигарро қисман фаро гирифтаанд.
Тавре дар иттилоия Кумита омадааст, «шурӯъ аз 30 марти соли 2017 дар  моҳвораҳои NSS 12 ва Yahsat 1a пахши босифати шабакаҳои телевизионии «Тоҷикистон», «Сафина», «Баҳористон», «Ҷаҳоннамо», «Варзиш» ва «Синамо», инчунин шабакаҳои радиоии «Тоҷикистон», «Садои Душанбе», «Фарҳанг» ва «Овози Тоҷик» таъмин мегардад».
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сокинони кишвар хоҳиш намудааст, ки дастгоҳҳои мавҷқабулкунандаи худро бо моҳвораҳои нав мутобиқ намоянд. Дар вақти гузариш ба моҳвораҳои нав танҳо мушаххасоти техникӣ иваз мешаванд.

 

Моҳвора  NSS12  57°E Моҳвора  Yahsat 1a52,5°E
Басомад: 11566 МГс Басомад: 11785 МГс
Поляризатсия: уфуқӣ (Н) Поляризатсия: уфуқӣ (Н)
Суръати символӣ: 10750 Мсим/с Суръати символӣ: 27500 Мсим/с
FEC: ¾ FEC: ¾
Модулятсия: 8PSK Модулятсия: 8PSK

Телефонҳо барои тамос:
2216093
2213796


Viewing all articles
Browse latest Browse all 29418

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>