Quantcast
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28757

Таваҷҷуҳи сайёҳони хориҷӣ ба вилояти Хатлон бештар мешавад

ДУШАНБЕ, 14.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав бо мақсади баррасии масъалаҳои рушди соҳаи сайёҳии вилоят, мусоидат ба пайвастагии бештари бахши хусусӣ бо донишҷӯёни риштаи сайёҳӣ барои баъди хатм ба истеҳсолот ҷалб гардидани онҳо дар мавзӯи «Рушди самараноки фаъолияти сайёҳӣ дар вилояти Хатлон» ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин бора аз Шуъбаи иттилотию таҳлилии дастгоҳи вилояти Хатлон хабар доданд.
Зикр гардид, ки мавқеи ҷуғрофии мусоиди ҷойгиршавии вилоят, обу ҳавои тоза ва чашмаҳои гуногуни шифобахши манотиқи атрофи он барои инкишофи соҳаи туризми экологӣ, пиёдагардии кӯҳӣ, фарҳангӣ ва дигар намудҳо имконияти бузург дорад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки сол аз сол шумораи сайёҳони хориҷии аз вилоят боздидкунанда зиёд мегардад.
Зикр гардид, ки Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон ҳамчун татбиқкунандаи соҳа ҳамасола барои рушди соҳа, ҷалби бештари таваҷҷуҳи намояндагони бахши хусусӣ ба соҳа, мунтазам озмунҳо, конфронсу суҳбат, семинарҳо ва дигар барномаҳоро роҳандозӣ менамояд. Вале то ҳол захираҳои туристии вилоят ба таври зарурӣ ва мувофиқ ба меъёрҳои ҷаҳони туризми муосир истифода нагардидаанд. Бинобар ин, ҷалби доираи соҳибкорон, фароҳам овардани шароит барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар соҳаи сайёҳӣ ба мақсад мувофиқ мебошад.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28757

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>