Quantcast
Channel: АМИТ "Ховар"
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28669

Баррасии тартиби таъйини нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ зимни машварат

$
0
0

Душанбе, 26.02.2016. (АМИТ «Ховар»).- Дар доираи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ» ва амалӣ намудани тартиби таъйини нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ 24 феврал дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон машварат доир гардид.
Тавре ки аз агентии мазкур хабар доданд, дар машварат кормандони раёсатҳои агентӣ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, марказҳои минтақавии баҳисобгирии инфиродии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурии агентӣ иштирок доштанд. Ба иштирокдорон муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ», тартиби таъйини нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ, тартиби қабули ҳисобот аз ташкилоту муассисаҳо, таҳлили санадҳои муқоисавии пешниҳоднамудаи Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» оид ба маблағҳои воқеан пардохтгардида ва низоми ягонаи бақайдгирии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ тибқи принсипи «Равзанаи ягона» шарҳ дода шуданд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28669

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>