Душанбе, 25.02.2016 (АМИТ «Ховар»). — Сарвазири Туркия Аҳмад Довутоғлу таъкид медорад, ки оташбас дар Сурия дар мавриди таҳдид ба амнияти Туркия ҳатмӣ ба ҳисоб намеравад. Гуфтаҳои ӯро агентии Reuters иқтибос овардааст.
Русия ва ИМА рӯзи 22-юми феврал изҳороти муштарак қабул намуданд, ки тибқи он низоми оташбас дар Сурия аз нимашаби 27-уми феврал оғоз мешавад. Шартҳои оташбас ҳамаи ҷонибҳои даргирро, ба истиснои гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ», «Ҷабҳат ан-Нусра» ва дигар гурӯҳҳои террористии аз ҷониби Шӯрои амнияти СММ террористӣ эътирофшуда дар бар мегиранд.
↧
А. Довутоғлу: Оташбас дар Сурия дар мавриди таҳдид ба амнияти Туркия ҳатмӣ ба ҳисоб намеравад
↧