Quantcast
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28804

Пагоҳ дар Театри ба номи Лоҳутӣ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад

ДУШАНБЕ, 9.03.2016 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 10 марти соли равон соати 15:00 дар Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, баргузории ҳамоиш аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ташкил шуда, дар он намояндагони Ҳукумати мамлакат, воситаҳои ахбори омма ва устодону собиқадорони соҳа иштирок менамоянд.
Қобили зикр аст, ки 11 марти соли 1912 аввалин нашрия ба забони тоҷикӣ бо номи «Бухорои шариф» ба табъ расид. Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола 11 март чун Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28804

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>