Quantcast
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28608

Вазорати корҳои дохилӣ аз ошкор гардидани ҷинояти куштор хабар дод

ДУШАНБЕ, 04.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. 2 марти соли 2017, тахминан соати 13:00, дар назди оромгоҳи деҳаи Дурманбулоқи ҷамоати деҳоти Лучоби ноҳияи Варзоб аз дохили мошини тамғаи «Лексус-PX-350», ҷасади зани 52-солаи сокини шаҳри Душанбе, соҳибкор, бо аломатҳои марги маҷбурӣ, яъне бо захмҳои халандаю буранда дар қисмати рӯй, гардан ва баданаш дарёфт карда шуд.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ барои содир намудани ҷинояти куштор ҷавони 23-солаи сокини ноҳияи Восеъ, донишҷӯи яке аз донишгоҳҳои олии ҷумҳурӣ ҳамчун гумонбар дастгир гардид.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтиши ҳодиса давом дорад.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28608

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>