Quantcast
Channel: АМИТ "Ховар"
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28736

Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ ба ҳайси узви нав дар нахустин иҷлосияи имсолаи Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ (ECOSOC) иштирок кард

$
0
0

ДУШАНБЕ, 03.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ Маҳмадамин Маҳмадаминов ба ҳайси узви нав дар нахустин иҷлосияи имсолаи Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ (ECOSOC) роҷеъ ба фаъолиятҳои амалиётӣ барои соҳаи рушд иштирок ва суханронӣ намуд.
Намояндаи доимӣ аз аҳамияти Шарҳи сиёсати фарогири чаҳорсола (QCPR-2016) ҷиҳати тақвияти фаъолияти фаврии СММ барои дастгирии кишварҳои аъзо дар татбиқи Рӯзномаи 2030 оид ба рушди устувор таъкид намуд.
М. Маҳмадаминов инчунин аз дастгирии Барномаи Рушди СММ дар мутобиқгардонии «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Рӯзномаи 2030 ва тасмими Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешниҳод намудани Ҳисоботи миллии ихтиёрии худ (VNR) дар ҷараёни Форуми дарпешистодаи сиёсии сатҳи баланд (HLPF 2017) ёдовар гардид.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28736

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>