Quantcast
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28679

Дар соҳили Амрикои Ҷанубӣ ҳаҷми калони кокаин дар 18 соли охир мусодира гардид

ДУШАНБЕ, 28.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти ИМА дар соҳили Амрикои Ҷанубӣ ҳаҷми калони кокаинро бо вазни 4,2 тонна аз соли 1999 инҷониб дар обҳои байналмилалии Уқёнуси Атлантика мусодира намуданд. Дар ин бора агентии «ТАСС» бо истинод ба «Ассошиэйтед Пресс» хабар дод.
Бино ба иттилои манбаъ, маводи мухаддир, ки 125 миллион доллари ИМА арзёбӣ мешавад, дар миёнаи моҳи феврал зимни амалиёти муштараки кормандони муҳофизони соҳилии ИМА ва Тринидад ва Тобаго дар киштии моҳигирӣ пайдо карда шуд. Шаҳрвандони Гайана, ки дар кишти қарор доштанд, боздошт гардида, ба ҷазираҳои Вирҷиния фиристода шуданд. Дар он ҷо ба муқобили онҳо тафтишот бурда мешавад.
Маводи мамнӯъшуда ба мутахассисони Раёсати ИМА оид ба мубориза бо маводи мухаддир дар Пуэрто-Рико супорида шуд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28679

Trending Articles