Quantcast
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28712

Хабарнигорони «CNN» ва як зумра ВАО-и маъруфро ба брифинг дар Кохи сафед роҳ надоданд

ДУШАНБЕ, 25.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Хабарнигорони як зумра ВАО-и маъруфи ИМА-ро рӯзи ҷумъа ба брифинги Кохи сафед роҳ надоданд. Дар ин бора ширкати телевизионии «CNN» хабар дод.

Бино ба иттилои «CNN», миёни хабарнигорони ба брифинг роҳ наёфта хабарнигорони «CNN», «New York Times», «Politico», «Los Angeles Times» ва дигар ВАО будаанд.

Дар муқарароти Кохи сафед рӯзи ҷумъа ба ҷои брифинги анъанавӣ брифинги «бидуни навор»-и намояндаи расмӣ Шон Спайсер ба нақша гирифта шуда буд. Аз он ҷо пахши мустақим бурда намешуд.

«Ҳангоми ворид шудан ба толор маро кормандони Кохи сафед боз дошта, гуфтанд, ки номи ман дар рӯйхат нест», — гуфт хабарнигори «CNN», ки фаъолияти Кохи сафедро инъикос мекард.

Тибқи гузориши шабака, «пеш чунин ҳодиса рух надода буд ва Кохи сафед аз шарҳи сабаби он худдорӣ кардааст».

Чанде пеш Кохи сафед ва президенти ИМА Доналд Трамп як зумра ВАО, аз ҷумла «CNN» ва «New York Times»-ро дар паҳн намудани «иттилои бардурӯғ» айбдор карда буданд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28712

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>