ДУШАНБЕ, 25.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ситоди кулли қувваҳои мусаллаҳи Туркия дар бораи пурра зери назорат гирифтани шаҳри Ал-Боби Сурия эълон намуд. Дар ин бора агентии «ТАСС» бо истинод ба изҳороти низомиёни Туркия хабар медиҳад.
Дар изҳорот гуфта мешавад, ки зери назорати қувваҳои мусаллаҳи Туркия ва мухолифини Сурия ҳамаи минтақаҳои шаҳр қарор доранд. «Шуруъ аз 24 феврали соли 2017 ҳамаи минтақаҳои шаҳри Ал-Боб зери назорат гирифта шуданд. Дар ин минтақаҳо ҳоло ҳам корҳои поксозии ҳудудҳо аз дастгоҳҳои таркандаи худсохт ва минаҳо идома доранд», — омадааст дар изҳорот.
Ҳамзамон ситоди кулли қувваҳои мусаллаҳи Туркия ёдрас намуд, ки 8 феврал яке аз баландиҳои шаҳр «Акил-Тепеси» гирифта шуд, ки қисме аз амалиёти пурра зери назорат гирифтани Ал-Боб маҳсуб мешуд.
Бояд гуфт, ки Туркия 24 августи соли 2016 бо мақсади пурра пок сохтани шимоли Сурия аз гурӯҳҳои террористӣ ва он ҷо ташкил намудани минтақаи амниятии де-факто амалиёти «Сипари Фурот»-ро оғоз намуд. Аз оғози моҳи декабри соли гузашта иштирокдорони амалиёт талошҳои асосии худро ба озод намудани шаҳри Ал-Боб аз ҷангиёни гурӯҳи ифротии ба ном «Давлати исломӣ» (ДИ, мамнӯъ дар Тоҷикистон) равона намуданд.
↧
Неруҳои Туркия шаҳри Ал-Боби Сурияро пурра зери назорат гирифтанд
↧