Душанбе, 24.02.2016. (АМИТ «Ховар»). Ҳамаи мусофирони ҳавопаймои ширкати ҳавоии Tara Airlines, ки субҳи имрӯз дар Непал суқут карда буд, ҳалок гаштанд. Дар ин бора вазорати сайёҳии Непал хабар дод.
«Ҳамаи мусофирони дар ҳавопаймо буда ҳалок гаштанд», — хабар медиҳад маҷаллаи ҳиндии India Today.
Ёдовар мешавем, дар ҳавопаймо 20 мусофир ва 3 узви ҳайати сарнишинон қарор доштанд. Ҳавопаймо аз шаҳри Покхар ба маркази маъмурии шаҳри Ҷомсом- Мустанг парвоз мекард.
Бино ба нишондоди назоратчиён, 10 дақиқа пас аз парвоз алоқа бо ҳавопаймо қатъ гардидааст.
↧
Непал: Ҳамаи мусофирони ҳавопаймои суқуткарда ҳалок гаштанд
↧