Quantcast
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28773

Бонувони Тоҷикистон ва Қирғизистон бозии дӯстонаи футбол анҷом медиҳанд

ДУШАНБЕ, 22.02.2017/АМИТ «Ховар»/. Дастаҳои мунтахаби бонувони Тоҷикистон бо Қирғизистон бозии дӯстонаи футбол анҷом медиҳанд.
Тавре сомонаи ФФТ хабар медиҳад, дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон (асосӣ ва 19-сола) давраи омодагиро ба мусобиқаҳои Осиёӣ дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон созмон медиҳанд ва якбора дар ин ҷо бо дастаҳои мунтахаби занонаи Қирғизистон бозии санҷишӣ мегузаронанд.
Бо даъвати клуби футболи собиқадорони «Женис»-и ба номи Шариф Умарови Қазоқистон дастаҳои мунтахаби асосӣ ва 19-солаи бонувони Тоҷикистон аз 27 феврал то 4 март давраи тайёриро ба мусобиқоти мавсими соли 2017 дар Алмаато баргузор мекунанд ва дар давоми ин тайёриҳо ду бозии санҷишӣ ва дӯстонаи худро бо дастаи мунтахаби Қирғизистон 28 феврал ва 2 март доир менамоянд.
Имрӯзҳо дастаҳои мунтахаби бонувони кишварамон саргарми машқҳо дар шаҳри Норак мебошанд.
Ёдрас мешавем, ки дастаи мунтахаби бонувони Тоҷикистон ба наздикӣ дар бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2018, ки аз 3 то 12 апрел дар шаҳри Душанбе мегузаранд, иштирок мекунад. Футболбозони мо дар гурӯҳи «А» бо дастаҳои мунтахаби Ироқ (3-юми апрел), Баҳрайн (5-уми апрел), Филиппин (7-уми апрел),Урдун (10-уми апрел) ва Амороти Муттаҳидаи Араб (12-уми апрел) қувва меозмоянд. Ғолиби гурӯҳ ба бозиҳои ниҳоии Ҷоми Осиё-2018, ки дар Урдун гузаронида мешавад, роҳхат мегирад. Дар сурати аз ин гурӯҳ ба бозиҳои ниҳоӣ роҳхат гирифтани дастаи мунтахаби Урдун (мизбони финал) дастаи зинаи дуюмро ишғол карда, ба бозиҳои ниҳоӣ меравад.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28773

Trending Articles