Quantcast
Channel: АМИТ "Ховар"
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28736

В. Путин ва Б. Асад масоили ҳалли бӯҳрони Сурияро баррасӣ карданд

$
0
0

Душанбе, 24.02.2016. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз гуфтугӯи телефонии президенти Русия Владимир Путин ва президенти Сурия Башор Асад доир гардид.
Зимни суҳбат, ҷонибҳо ҷанбаҳои гуногуни бӯҳрони Сурияро дар партави вазифаҳо оид ба татбиқи изҳороти Русия ва Амрико (ба сифати ҳамраиси Гурӯҳи байналмилалии мададрасони Сурия) доир ба қатъи амалиёти ҷангӣ аз 27-уми феврали соли 2016 баррасӣ намуданд.
Башор Асад пешниҳоди дар изҳорот дарҷгардидаро ҳамчун як иқдоми муҳим дар самти ҳалли сиёсӣ арзёбӣ кард. Ӯ, аз ҷумла, омодагии ҳукумати Сурияро ба мусоидат дар барқарорсозии сулҳ тасдиқ кард.
Илова бар ин, Владимир Путин ва Башор Асад муҳимияти идома додани муборизаи қатъиро бар зидди гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ», «Ҷабҳат ан-Нусра» ва дигар гурӯҳҳои террористии ба феҳристи дахлдори Шўрои амнияти СММ шомилбуда таъкид карданд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28736

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>