ДУШАНБЕ, 20.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар шимоли Афғонистон дар чанд рӯзи охир бар асари бориши барф ва сармо 14 нафар ба ҳалокат расиданд, ки 2 нафари онҳоро кӯдакон ташкил медиҳанд. Дар ин бора агентии «Синхуа» хабар дод.
Бино ба иттилои манбаъ, бар асари бориши барф ва сармо 10 нафар дар музофотҳои Ҷузҷон ва Сарипул ва 4 каси дигар дар музофоти Бадахшон ба ҳалокат расидаанд.
Ёдовар мешавем, ки дар давоми 2 ҳафтаи охир дар Афғонистон бар асари бориши барф ва сармо беш аз 150 нафар ҳалок гардиданд.
↧
Дар шимоли Афғонистон бар асари бориши барф ва сармо 14 нафар ба ҳалокат расиданд
↧