Quantcast
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28640

Неруҳои Ироқ 14 деҳаи атрофи Мосулро дар давоми як шабонарӯз озод карданд

ДУШАНБЕ, 20.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Неруҳои Ироқ дар рӯзи аввали муҳорибаҳои озод намудани қисмати ғарбии Мосул аз ҷангиёни гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ» (ДИ, мамнӯъ дар Тоҷикистон) 14 деҳаи атрофи шаҳрро зери назорати ҳукумат гардонданд. Дар ин бора АИР «Новости» бо истинод ба фармондеҳи амалиёт Абдуламир Яралла хабар дод.
Бино ба изҳороти ситоди маъракаи ҳарбӣ, ҳамчунин артиш истгоҳи барқдиҳиро, ки қариб тамоми қисмати ғарбии шаҳрро бо барқ таъмин менамуд, озод кардааст.
Рӯзи якшанбе, 19 феврал сарвазири Ироқ Ҳайдар ал-Ибодӣ дар бораи оғоз гардидани амалиёти озоднамоии қисмати ғарбии Мосул аз ҷангиёни ДИ эълон кард.
Ёдовар мешавем, қисмати шарқии Мосул зимни амалиёти неруҳои Ироқ ва эътилофи байналмилалӣ, ки аз моҳи октябри соли 2016 идома дорад, озод гардид. Қисмати ғарбии он ҳанӯз зери назорати ҷангиён боқӣ мемонад.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28640

Trending Articles