Quantcast
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28669

Салоҳиддин Раббонӣ аз пуштибониҳои пайвастаи Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос намуд

Image may be NSFW.
Clik here to view.
32922912576_abe9329e99_z
ДУШАНБЕ, 18.02.2017 /АМИТ «Ховар»/.
Салоҳиддин Раббонӣ, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон аз дастгирӣ ва пуштибониҳои пайвастаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳамеша барои таъмини амнияту субот дар кишвари Афғонистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналмилалӣ пешниҳодҳои ҷолиб менамоянд, изҳори сипос намуд.
Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» аз макони баргузории мулоқот хабар дод, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон баъди мулоқот бо Пешвои миллат, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ба хабарнигорон изҳор намудааст, ки зимни суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои мубрами муносибатҳои Тоҷикистону Афғонистонро баррасӣ намуда, зарурати таҳкими робитаҳои иқтисодии ду кишварро таъкид намудаанд.
Салоҳиддин Раббонӣ, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон изҳори боварӣ кард, ки мулоқоти доиргардида ба тавсеаи равобити иқтисодӣ миёни ду кишвар, мубориза бо терроризм, ифротгароӣ ва таҳдидҳои муштарак заминаи мусоид фароҳам меорад.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28669

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>