Quantcast
Channel: АМИТ "Ховар"
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28659

Натиҷагирӣ аз «Соли рушди неруи зеҳнӣ» дар Хатлон

$
0
0

ДУШАНБЕ, 16.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади ҷамъбаст ва натиҷагирӣ аз «Соли рушди неруи зеҳнӣ» дар вилояти Хатлон бо ташаббуси Раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон дар мавзӯи «Рушди неруи зеҳнӣ-омили пешравии ҷомеа» конфронси илмӣ доир гардид.
Тавре ки аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, бо қарори дахлдори раиси вилояти Хатлон соли 2016 ҳамчун «Соли рушди неруи зеҳнӣ» эълон гардида буд.
Меҳмонони конфронс бо дастовард ва ихтирооти хонандагони мактабҳои таълимии шаҳру навоҳӣ, ки дар саҳни донишкада ба намоиш гузошта шуда буд, шинос шуданд. Сипас дар Донишкадаи энергетики Тоҷикистон конфронси илмӣ баргузор шуд.
Муовини раиси вилояти Хатлон, доктори илмҳои фалсафа, профессор Махфират Хидирзода иброз дошт, ки имрӯз дастовардҳои яксолаи «Соли рушди неруи зеҳнӣ» натиҷагирӣ карда мешаванд. «Ҷомеа ҳамчун муҳити иҷтимоӣ ба ташаккул ва камолоти ҳамаҷонибаи инсон мусоидат намуда, баҳри ташаккули он ҳамчун шахсият имконияти фаровон фароҳам меорад»,-иброз дошт Махфират Хидирзода.
Нуралӣ Азизов, директори Маркази рушди истеъдодҳои назди Раёсати маорифи вилояти Хатлон дар мавзӯи «Рушди неруи зеҳнӣ- тақозои замон» маърӯза намуд.

[хидирзода соли зехни хатлонenergy (3)


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28659

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>