Quantcast
Channel: АМИТ "Ховар"
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28705

Ҳаким Фузайлов бозии санҷишии охирини дастаи мунтахабро бо Баҳрайн мегузаронад

$
0
0

ДУШАНБЕ, 15.02.2017/АМИТ «Ховар»/. Сармураббии дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон Ҳаким Фузайлов пеш аз бозиҳои расмии марҳалаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 вохӯрии охирини санҷиширо бо дастаи мунтахаби Баҳрайн анҷом медиҳад. Тавре сомонаи ФФТ иттилоъ дод, ин бозии дӯстона 23 март дар Варзишгоҳи миллии шаҳри ар-Риффаи Баҳрайн баргузор мешавад.
Баъди ин вохӯрии таҷрибавӣ ва дӯстона футболбозони тоҷик ба Қатар сафар карда, аввалин бозии расмии худро дар марҳалаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 дар гурӯҳи «F» 28 март дар баробари дастаи мунтахаби Яман доир мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «F» бо тимҳои миллии Филиппин, Яман ва Непал рақобат мекунад.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28705

Trending Articles