Quantcast
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28736

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Санкт-Петербург ва Новосибирск консулгариҳои генералӣ ифтитоҳ намуд

ДУШАНБЕ, 14.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Санкт-Петербург ва Новосибирски Федератсияи Россия консулгариҳои генералӣ ифтитоҳ намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
«Давлаталӣ Назризод консули генералии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург ва Шамсиддин Зардӣ консули генералии Тоҷикистон дар Новосибирск таъйин гардиданд»,- гуфта мешавад дар хабарномаи вазорат.
Бино ба иттилои манбаъ, феълан корҳои ташкилӣ оид ба оғози кори ин ду консулгарӣ идома доранд.
Бояд таъкид кард, ки дар натиҷаи ҳамкории судманд дар шаҳрҳои Москва, Екатеринбург, Уфа, Санкт-Петербург, Новосибирск, ки минтақаҳои калонтарини Федератсияи Россияро дарбар мегиранд, консулгариҳои генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ гардидаанд.
Ин консулгариҳо барои ҳифзи манфиат ва ҳуқуқҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин минтақаҳо аҳамияти муҳим доранд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28736

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>