Quantcast
Channel: АМИТ "Ховар"
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28736

Дар ноҳияи Рӯдакӣ ярмаркаи ҷойҳои корӣ доир гардид

$
0
0

РӮДАКӢ, 11.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар назди бинои «Почта»-и  ноҳияи Рӯдакӣ ярмаркаи ҷойҳои корӣ  баргузор гардид. Дар он аз тарафи ташкилоту муассисаҳои шаҳри Душанбе зиёда аз 320 ҷойи корӣ ба шаҳрвандони бекор пешниҳод гардид. Дар ин бора сардори Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳияи Рӯдакӣ Абдумаҷид Сайфуллоев ба хабарнигори  АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Дар ярмарка 178 нафар  шаҳрвандони бекор иштирок намуданд. Ба шаҳрвандоне, ки касбу ихтисос надоранд, 36 намуди касбу ҳунар барои касбомӯзӣ пешниҳод карда шуд.

Дар ин рӯз  ба 17 нафар шаҳрвандони бекор  ба марказҳои таълимӣ ва ба 22 нафар  шаҳрвандони корҷӯй ба муассисаю ташкилотҳо роҳхат дода шуд. Инчунин бо 42 нафар шаҳрвандон барои касбомӯзӣ ба тариқи худмаблағгузорӣ ва шаҳодатномакунии малакаҳои касбӣ корҳои маслиҳатию машваратӣ гузаронида шуданд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28736

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>