Quantcast
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28837

Дар Ваҳдат бахшида ба 24-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ бо аскарону афсарон вохӯрӣ барпо шуд

ДУШАНБЕ, 11.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. 10 феврал дар шаҳри Ваҳдат миёни аскарону афсарон ва ҷавонони синни то даъватӣ бо иштироки масъулини бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Ваҳдат ва кормандони ҷамоати деҳоти Чӯянгарон вохӯрӣ доир гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Ваҳдат хабар доданд, зимни баргузории чорабинӣ аз ҷавонони синни то даъватӣ ва падару модарон даъват ба амал оварда шуд, ки барои ба Ватан хизмат кардан ва ҳифзи марзу буми кишвар, ихтиёран ба сафи қувваҳои мусаллах дохил шаванд ва падару модарон фарзандонро дар роҳи дӯст доштани Ватан тарбия намоянд. Инчунин аскарон низ дар навбати худ аз ҳаёти аскарӣ қиссаҳо карда, ҷавононро ба хизмат кардан далолат намуданд.
Зиёда аз 10 нафар ҷавонон иброз доштанд, ки бо ихтиёри худ ба хизмати Ватан мераванд ва омодаанд, ки марзу буми кишварро мардонавор ҳимоят кунанд.

Image may be NSFW.
Clik here to view.
Ваҳдат бахшида бо фарорасии 24-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид (2)
Image may be NSFW.
Clik here to view.
Ваҳдат бахшида бо фарорасии 24-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид (4)
Image may be NSFW.
Clik here to view.
Ваҳдат бахшида бо фарорасии 24-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид (3)

Viewing all articles
Browse latest Browse all 28837

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>