Quantcast
Channel: АМИТ "Ховар"
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28712

Дар ноҳияи Хуросон масъалаи партовҳо ва беҳдошти муҳити зист баррасӣ гардид

$
0
0

DSCN1121-260x180ДУШАНБЕ, 11.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон баҳри беҳбудӣ бахшидан ба корҳои ободонӣ, сабзазоркунӣ, бартараф кардани партовҳо ва беҳдошти муҳити зист дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Хуросон бо аҳолӣ вохӯрӣ доир намуд. Дар ин бора аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Дар вохӯрӣ сардори шуъбаи Назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин ва муомилот бо партовҳои Раёсат доир ба тоза нигоҳ доштани сарҳадҳои муҳофизавии шоҳроҳи Қӯрғонтеппа-Душанбе- мавзеъҳои Қизил-қалъа, Бӯрёбофон, Сарбанд ва Чорбоғ оид ба партовҳои сахти маишӣ сухан карда, гузаронидани иқдоми «Тозагии маҳал»-ро дар маҳаллаҳо пешниҳод кард.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28712

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>