Quantcast
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28837

Истиқболи Ян Ҳамачек дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе

ДУШАНБЕ, 10.02.2017/АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Ян Ҳамачек- Раиси палатаи вакилони Парлумони Ҷумҳурии Чехия бо як ҳайати баландпояи парлумонӣ бо сафари расмӣ ба Душанбе омад.
Дар «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» меҳмони олиқадрро Абдуҷаббор Азизӣ, муовини аввали Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ истиқбол намуданд.
Интизор меравад, ки Ян Ҳамачек- Раиси палатаи вакилони Парлумони Ҷумҳурии Чехия дар доираи сафари расмӣ имрӯз бо роҳбарияти баландпояи Тоҷикистон- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Маҷлиси миллӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев ва Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров мулоқот намуда, масоили таҳкими муносиботи гуногунсоҳаи Тоҷикистону Чехия ва дурнамои тавсеаи равобити парлумонии байни ду кишварро матраҳ намояд.
Ян Ҳамачек дар ҳамоиши доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону Чехия иштирок менамояд. Ҳадафи сафари расмии раиси палатаи вакилони Парлумони Чехия ба Тоҷикистон тавсеаи равобити парлумонӣ байни ду кишвар арзёбӣ мегардад.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28837

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>