Quantcast
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28607

Нишасти хабарӣ дар Теҳрон оид ба «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор»

Image may be NSFW.
Clik here to view.
Вода для ус.-0
ДУШАНБЕ, 09.02.2017 /АМИТ «Ховар»/.
Дар бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон 7 феврал бо иштироки доираи васеи рўзноманигорони дохилӣ ва хориҷӣ, намояндагони вазорату идораҳои Ҷумҳурии исломии Эрон ва ҳайати дипломатии муқими Эрон дар робита ба қабули Қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ зери унвони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 нишасти хабарӣ баргузор гардид.
Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии исломии Эрон Неъматулло Эмомзода оид ба масоили об, аҳамияти рӯзафзуни он ва мушкилоти мавҷуда дар арсаи ҷаҳон ҳарф зада, зимнан ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар робита ба масоили об ва мавриди истиқболи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор гирифтани ин ташаббус баҳри расидагӣ ба мушкилоти мавҷуда ва роҳандозии ҳамкории созанда дар ин замина ёдовар шуд.
Ҳамзамон Сафири Тоҷикистон зикр намуд, ки дар шароити таъсири афзояндаи равандҳои ҷаҳонӣ ба захираҳои об, ба таври доимӣ беҳтар намудани муколама ва шарикӣ, роҳандозии ҳамкории самарабахшу оқилона дар соҳаи об ҷиҳати рушди устувор, нигаҳдории тавозун ва устувории экологӣ баҳри таъмини сулҳу амонӣ ба манфиати ҳамаи кишварҳо мусоидат хоҳад кард.
Сафир ба саволҳои сершумори ВАО посух дод ва дар фарҷоми нишаст наворҳои видеоӣ оид ба дастовардҳои Тоҷикистон ба ҳозирин пешниҳод гардид.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28607

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>