Quantcast
Channel: АМИТ "Ховар"
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28640

Трамп дар суҳбат бо Эрдуғон Туркияро шарики стратегии ИМА хонд

$
0
0

ДУШАНБЕ, 08.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Президенти ИМА Доналд Трамп бо президенти Туркия Реҷеп Тайиб Эрдуғон нахустин суҳбати телефонӣ анҷом дод. Дар ин бора агентии «ТАСС» бо истинод ба рӯзномаи «Дейли Сабоҳ» хабар дод.
Бино ба иттилои рӯзнома, суҳбати телефонии Трамп ва Эрдуғон 45 дақиқа давом карда, дар фазои «мусбат» доир гаштааст.
«Президент Трамп бори дигар дастгирии ИМА-ро ба Туркия ҳамчун шарики стратегӣ ва иттифоқчӣ дар СААШ /НАТО/ изҳор дошта, аз саҳми Туркия дар маъракаи мубориза бо гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ» (ДИ, мамнӯъ дар Тоҷикистон) истиқбол кард», — гуфта мешавад дар иттилоияи интишоркардаи Кохи Сафед.
Ҳамчунин дар иттилоия омадааст, ки ҳар ду ҷониб муносибатҳои зичи миёни ИМА ва Туркия ва инчунин уҳдадориҳоро дар мубориза бо терроризм дар ҳама шаклҳои он баррасӣ намуданд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28640

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>