Quantcast
Viewing all articles
Browse latest Browse all 29539

Шумораи қурбониёни боду ҳавои номусоид дар Афғонистон ба 54 нафар расид

ДУШАНБЕ, 06.02.2017 / АМИТ «Ховар» /. Шумораи ҳалокшудагон аз сабаби бориши шадиди барф ва фаромадани тарма дар давоми 3 рӯзи охир дар Афғонистон ба 54 нафар расид. Дар ин бора агентии «Франс Пресс» хабар дод.
«Феълан бар асари фаромадани тарма ва сардиҳо дар 22 музофот 54 нафар қурбон шуда, 52 каси дигар осеб дидаанд», — изҳор дошт намояндаи Вазорати бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиии Афғонистон Умар Муҳаммадӣ.
Боду ҳавои номусоид 168 хонаи истиқоматиро хароб карда, 340 сар чорворо нобуд кардааст. Офати табиӣ бештар ба музофотҳои Бадахшон ва Парвон хисорот овардааст.
Мақомот аз он нигаронанд, ки шумораи қурбониён эҳтимол афзоиш ёбад, зеро ки ҳанӯз ба наҷотдиҳандагон муяссар нагардидааст, ки ба минтақаҳои хисоротдида рафта расанд. Бино ба маълумоти вазорат, эҳтимол даҳҳо нафар дар иҳотаи барф боқӣ монанд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 29539

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>