ДУШАНБЕ, 06.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар музофоти Ҳилманди Афғонистон дар давоми як шабонарӯз зимни амалиёт на кам аз 54 ҷангии гурӯҳи ифротии «Толибон» (мамнӯъ дар Тоҷикистон), аз ҷумла як фармондеҳи онҳо маҳв карда шуданд. Дар ин бора агентии «Хома Пресс» бо истинод ба вазорати мудофиаи ин кишвар хабар медиҳад.
Бино ба иттилои манбаъ, амалиёт бо ёрии артиллерия ва қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоии Афғонистон гузаронида шудаанд. Илова бар ин, зимни амалиёти алоҳида дар музофоти Қандаҳор ҷануби ин кишвар як нафар қочоқчӣ бо 150 кг ҳашиш ва дигар намуди маводи мухаддир боздошт гардид.
↧
Дар Афғонистон 54 ҷангии «Толибон» маҳв гардиданд
↧