Quantcast
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28705

Дар шаҳри Норак ба ифтихори Соли ҷавонон роҳпаймоӣ доир гардид

ДУШАНБЕ, 04.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. 3 феврал бахшида ба Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017 дар шаҳри Норак роҳпаймоӣ  таҳти унвони  «Ҷавонон -пайрави Пешвои миллат» доир гардид. Дар ин бора мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи шаҳр Ҳабиба Сафарова ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Дар роҳпаймоӣ зиëда аз 700 нафар ҷавонон иштирок намуданд. Иштирокчиён бо шиору парчамҳои идона аз роҳи марказӣ гузашта, дар назди бинои Қасри фарҳанг ҷамъ омаданд.
Ҷавонони фаъоли  касбу кори гуногун иштирокчиёнро бо Соли ҷавонон табрик намуда, оид ба дастгирихои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонони ҷумҳурӣ сухан гуфтанд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28705

Trending Articles