Quantcast
Channel: АМИТ "Ховар"
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28750

Артиши Ироқ дар шаҳри Эр-Рамодӣ 46 ҷангии гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ»- ро нобуд кард

$
0
0

Душанбе, 22.02.2016. (АМИТ «Ховар»). — Артиши Ироқ дар шарқи шаҳри Эр-Рамодӣ ҳамлаи ҷангиёни гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ»-ро зада гардонда, 46 ҷангиро нобуд кард. Дар ин бора шабакаи телевизионии «Ас-Сумария» бо такя ба фармондеҳи неруҳои маҳаллӣ Исмоил Ал-Маҳлавӣ хабар дод.
«Субҳ ҷангиёни гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ» ба пойгоҳи бригадаи даҳум дар шоҳроҳи минтақаи Эл-Ҳамидияи шарқи Эр-Рамодӣ ҳамла оварданд. Неруҳои бригада бо ёрии ҳавопаймоҳои эътилофи байналмилалӣ ҳамлаи террористонро зада гардонда, 46 нафари онҳоро нобуд карданд», — гуфт Ал-Маҳлавӣ.
Бино ба иттилои шабака, минтақае, ки ин ҳодиса рух дод, чанде қабл аз дасти террористон озод карда шудааст. Низомиён ҳамчунин шоҳроҳро зери назорат гирифтаанд.
Артиши Ироқ дар музофоти Анбор бо ёрии қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ, ихтиёриёни мардумӣ ва ҳавопаймоҳои эътилофи байналмиллалӣ таҳти роҳбарии ИМА бар зидди терроризм фаъолона амалиёти ҳарбӣ бурда истодааст.
Бояд гуфт, ки артиши Ироқ шаҳри Эр-Рамодиро моҳи декабри соли 2015 зери назорат гирифта буд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28750

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>