Quantcast
Channel: АМИТ "Ховар"
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28640

Кӯдакони ятими мактаб-интернати ноҳияи Сангвор соҳиби «Тангем» гаштанд

$
0
0

ДУШАНБЕ, 30.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар мулоқотҳояшон даъват менамоянд, ки ба ятимону маъюбон расондани кумакҳои моддию маънавиро зиёд намоянд. «Беҳтарин кор- ин хайру садақа кардан ба ниёзмандону ятимон мебошад ва манфиати чунин амалҳои савоб садҳо маротиба аз тӯю маъракаҳои серхароҷот, ки ҳадафи асосиашон зоҳирпарастӣ мебошад, хубтар аст»,-таъкид мекунанд Сарвари давлат.
Раёсати Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати кӯдакони ятими ноҳияи Сангвор мошини тамғаи «Тангем» ва як миқдор маводи ғизоӣ тақдим намуд.
Тавре ки аз донишкадаи мазкур хабар доданд, калиди мошинро ба намояндаи мактаб-интернат Раиси иттифоқи касабаи донишкада Изатулло Насриддинов супорид.
Муовини ректори донишкада Баҳриддин Ҷабборов илова намуд, ки донишкада ин мактаб-интернатро парасторӣ мекунад ва дар арафаи тамоми иду ҷашнҳо ба тарбиятгирандагони он аз ҷониби раёсати донишкада ва ҳайати кормандон кумакҳои молӣ расонида мешаванд. Ин иқдом дар оянда низ идома меёбад.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28640

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>