Quantcast
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28757

Дарёфти зиёда аз 2 кило симоб

ДУШАНБЕ, 28.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби кормандони милитсия марди 51-солаи сокини шаҳри Душанбе ва марди 30-солаи сокини шаҳри Ваҳдат бо гумони муомилоти ғайриқонунии моддаҳои сахттаъсир ё заҳролуд дастгир карда шуданд.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар вақти аз назар гузаронидани мошини шахсии марди 51-сола 2 килою 312 грамм моеи сахттаъсири химиявии симоб дарёфт ва мусодира карда шуд.
Аз рӯи далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28757

Trending Articles