Quantcast
Channel: АМИТ "Ховар"
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28640

Ташкили ошхонаи саҳроӣ бо хӯроки сарбозон дар «Боғи Ирам»

$
0
0

Душанбе, 20.02.2016 (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз дар «Боғи Ирам» -и пойтахт фарномаи фарҳангӣ ба муносибати таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.
Ба иттилои Фариддун Маҳмадалиев, китиби матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин чорабинӣ гузашти ҳарбӣ, намоиши машқҳои ҳарбӣ ва аркестри ҳарбӣ баргузор гардид.
Ҳамчунин дар «Боғи Ирам» ошхонаи саҳроӣ бо хӯроки сарбозон ороста шуд, ки он барои аҳолии пойтахт ба таври ройгон пешниход шуд.
Гуфта мешавад, ки ҳадаф аз баргузор намудани чунин чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ ва варзишӣ ин баланд бардоштани обрӯву нуфузи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон байни ҷомеа, алалхусус ҷавонон мебошад.
 


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28640

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>