ДУШАНБЕ, 18.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ҳавопаймои ширкати ҳавоии «ВИМ-Авиа» дар фурудгоҳи Благовешенск оҷилан фуруд омад. Дар ин бора АИР «Новости» бо такя ба хадамоти маълумотдиҳии фурудгоҳи «Игнатево» хабар медиҳад.
«Парвози хатсайри «Благовешенск-Домодедово»-и ширкати ҳавоии «ВИМ-Авиа» соати 10:00 ба вақти маҳаллӣ (06:00 ба вақти Душанбе) аз Благовешенск роҳандозӣ шуда буд. Ҳайати сарнишинон қарор дод, ки ба фурудгоҳ баргардад. Ҳавопаймо муваффақона фуруд омад», — иттилоъ доданд аз хадамоти маълумотдиҳии фурудгоҳ.
Намояндаи фурудгоҳ ҳамчунин афзуд, ки дар ҳавопаймои Боинг-757 яке аз дастгоҳҳои санҷанда (датчикҳо) ба кор даромад. «Яке аз дастгоҳҳои санҷанда ба кор даромад, ҳавопаймо фуруд омад, бо мусофирон намояндаи ширкат машғул мешавад, мутахассисон ҳавопайморо аз назар гузаронида, қарорҳои минбаъда қабул хоҳанд кард», — изҳор дошт манбаъ.
Рӯзи шанбе ҳавопаймои ширкати «Икар», ки ба Таиланд парвоз мекард, таъҷилан ба фурудгоҳи Благовешенск баргашт. Он гоҳ ба мусофирон иттилоъ дода буданд, ки дар низоми ҳавотозакунии ҳавопаймо мушкилот сар задааст.
↧
Дар фурудгоҳи Благовешенск ҳавопаймои ширкати «ВИМ-Авиа» оҷилан фуруд омад
↧