Quantcast
Channel: АМИТ "Ховар"
Viewing all articles
Browse latest Browse all 29452

Антонио Таяни роҳбари нави Парлумони Аврупо интихоб шуд

$
0
0

ДУШАНБЕ, 18.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Вакили италиявӣ Антонио Таяни намоянда аз фраксияи парлумонии Ҳизби Халқии Аврупо (ҲХА), ки қувваи сиёсии пешбар дар Иттиҳоди Аврупо маҳсуб мешавад, дар даври чоруми овоздиҳӣ роҳбари нави Парлумони Аврупо интихоб гардид. Дар ин бора АИР «Новости» бо истинод ба изҳороти роҳбари қаблии Парлумони Аврупо Мартин Шултс хабар медиҳад.
Шултс ҳанӯз моҳи ноябри соли гузашта қарор дода буд, ки аз мансаби раиси Парлумони Аврупо меравад ва эълон кард, ки дар интихоботи соли 2017 рӯйхати интихоботии Ҳизби сотсиал-демократҳои Олмонро дар Рейнаи Шимолӣ — Вестфалия роҳбарӣ мекунад.
«Ман тасдиқ мекунам, ки роҳбари нави Парлумони Аврупо вакил Таяни интихоб гардид», — гуфт Шултс.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 29452

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>