Quantcast
Channel: АМИТ "Ховар"
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28705

Ҳилолбӣ Қурбонзода ба арзи сокинони шаҳри Норак гӯш дод

$
0
0

НОРАК, 17.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак бо иштироки вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода қабули шаҳрвандон доир гардид. Дар ин бора мудири шуъбаи рушби иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи шаҳр Ҳабиба Сафарова ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Зимни қабули шаҳрвандон зиёда аз 25 нафар сокинон бо дархостҳои гуногун, аз ҷумла ҷудо намудани қитъаи замин, таъмини нафақаи маъюбӣ, паст намудани нархи хизматрасонии об, таъмири лифт дар хонаҳои баландошёнаи маркази шаҳр муроҷиат намуданд.

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода ба масъулони корхонаю муассисаҳои шаҳр барои ҳалли мусбати муроҷиатҳои шаҳрвандон супоришҳои мушаххас дод.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28705

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>