ДУШАНБЕ, 14.01.2017/АМИТ «Ховар»/. Дар оянда дар Тоҷикистон Регламенти техникии «Маҳсулоти тамоку» тасдиқ ва қабул карда мешавад. Алҳол он дар баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.
Ибодулло Қурбониён , директории Агентии «Тоҷикстандарт» дар ҷамъи хабарнигорон дар Душанбе гуфт, ки бо Қарори Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 Регламентҳои техникӣ таҳия ва қабул гардидаанд, ки онҳо ҷиҳати кам кардани теъдоди ҳуҷҷатҳои меъёрӣ техникӣ талаботашон ҳатмӣ мусоидат менамоянд.
Инчунин таҳия ва қабули Регламентҳои техникӣ яке аз омилҳои асосии таъмини бехатарии молу маҳсулот дар бозори истеъмолӣ ва пурзӯр намудани назорат дар ин самт мебошад. То кунун дар кишвар Регламентҳои техникии «Бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ», «Бехатарии шир ва маҳсулоти ширӣ», «Бехатарии гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ», «Бехатарии бозичаҳо», «Бехатарии маҳсулоти мебелӣ» , «Бехатарии маҳсулоти таъиноти кӯдакон ва наврасон» таҳия ва баъди мувофиқа бо вазорату иддораҳои кишвар аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардиданд.
↧
Регламенти техникии «Маҳсулоти тамоку» дар баррасии ҳукумат аст
↧