Quantcast
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28837

Тоҷикистон ва Монако муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуданд

ДУШАНБЕ, 14.01.2017. /АМИТ “Ховар”/. Дирӯз, 13 январ дар шаҳри Парижи Франсия маросими имзои Баёнияи муштарак оид ба барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Монако (Князигарӣ) баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ “Ховар” аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Франсия хабар доданд.

“Санади мазкурро аз ҷониби Тоҷикистон Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Франсия Ҳомидҷон Назаров ва аз ҷониби Монако Сафири Фавқулода ва Мухтори Шоҳигарии Монако дар Франсия Клод Котталорда ба имзо расониданд”, — омадааст дар хабарномаи сафорат.

Тавре иттилоъ дода мешавад, ҳамчунин пас аз маросими имзои Баёнияи муштарак ҳар ду ҷониб доир ба густариши муносибатҳо дар самтҳои мутақобилан судманд, аз ҷумла дар соҳаҳои сайёҳӣ, маорифу фарҳанг, бонкдорӣ, масъалаҳои рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкори судманд анҷом додаанд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28837

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>