Душанбе, 20.02.2015. (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз дар муассисаи таҳсилоти миёнаи №8-и пойтахт бахшида ба Рӯзи Артиши миллӣ вохӯрии афсарону сарбозони қисмҳои ҳарбии Вазорати мудофиа бо хонандагон баргузор гардид. Мақсад аз баргузории вохӯрӣ тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихор аз истиқлолият, ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, зиёд намудани шумораи ихтиёрон ва омодабошии хатмкунандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ ба хизмати ҳарбӣ мебошад.
Дар вохӯрӣ собиқадорон, афсарону сарбозон аз таърихи таъсисёбии Артиши миллӣ, хизмат дар қувваҳои мусаллаҳ, корнамоиҳои ҷавононмардони Тоҷикистон дар Ҷанги дуюми ҷаҳон, Афғонистон ва барқарор намудани Сохти Конститутсионӣ дар Тоҷикистон сухан карданд.
Хонандагони синфҳои 10 ва 11 бо шеърҳои ватандӯстона, рақсу сурудҳои идона пеши ҳозирин баромад намуданд. Инчунин ба меҳмонон саҳначаҳо аз овони ҷанг ва мусобиқаҳои варзишӣ пешниҳод гардид.
Кормандони Вазорати мудофиа бо мақсади муайян намудани омодабошии хатмкунандагон ва тайёрии онҳоро дар дарсҳои аввалаи ҳарбӣ дар нишон додани маҳорат дар ҷобаҷогузории қисмҳои яроқи оташфишон (АКМ) ва ниқоби зидигазӣ мусобиқа гузарониданд.