Quantcast
Viewing all articles
Browse latest Browse all 29554

Дастгир гардидани ду ҷавон бо гумони ғоратгарӣ

Душанбе, 19.01.2016. (АМИТ «Ховар») — Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино ҷавонзани 18-солаи шаҳри Душанбе муроҷиат намуд, ки 28-уми ноябри соли 2015 дар кӯчаи Ҷ. Расулови пойтахт шахсони номаълум бо тариқи зӯроварӣ аз ӯ як гарданбанди тиллоӣ ва як телефони мобилии тамғаи “АСЕР”-ро бо маблағи умумии 2500 сомонӣ тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия сокини 34-солаи шаҳри Душанберо, ки пеш бо моддаи 237 ва 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст ва шарики ӯ, сокини 27-солаи ноҳияи Рӯдакиро бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир намуданд. Нисбат ба гумонбаршудагон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтиш давом дорад.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 29554

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>