Quantcast
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28736

Ҷангиёни курд ҳамлаи террористии Анқараро бар дӯш гирифтанд

Душанбе, 20.02.2016. (АМИТ «Ховар»). — Гурӯҳи курдҳои «Уқобони озодии Курдистон», ки марбут ба Ҳизби коргарони Курдистон аст, масъулияти ҳамлаи террористӣ дар Анқараро бар дӯш гирифт. Дар ин бора «Рейтер» бо истинод ба сомонаи ҷангиён иттилоъ медиҳад.
«Шоми 17 феврали соли 2016, соати 18:30 террористи худкуш ба корвони низомиён…дар кӯчаи Маросими Анқара ҳамла намуд. Ҳамлаи террористиро баталони фанонопазири «Уқобони озодии Курдистон» анҷом дода буд»,-омадааст дар изҳорот.

Ҷангиён изҳор доштаанд, ки ин ҳамла қасосе буд «ба хотири шаҳрвандони оҷиз ва захмӣ, ки дар таҳхонаҳои Ҷизр, дар ҷанубу шарқи Туркия, ваҳшиёна қатл карда шуданд».

Ҳамлаи террористӣ дар Анқара 17 феврал рух дод. Мошини бо маводи инфиҷорӣ муҷаҳҳаз, ки онро террористи худкуш идора мекард, тарконида шуд. Дар натиҷаи таркиш 28 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 60 кас ҷароҳат бардошт.

Сарвазири Туркия Аҳмет Довудоғлу таъкид дошта буд, ки дар ҳамлаи террористии Анқара неруҳои худмуҳофизати курдҳои Сурия даст доранд. Вале, роҳбари ҳизби курдии «Иттифоқи демократӣ»-и Сурия Солиҳ Муслим Муҳаммад ин иттиҳомро рад карда буд.

 


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28736

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>