Quantcast
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28607

Барқияи тасаллияти Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Доктор Ҳасани Рӯҳонӣ

ДУШАНБЕ, 09.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Доктор Ҳасани Рӯҳонӣ барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла гуфта мешавад:

«Ҷаноби Олӣ,

Хабари бар асари сактаи қалбӣ даргузаштани Алӣ Акбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ, яке аз чеҳраҳои шинохтаи сиёсатмадорони Ҷумҳурии Исломии Эрон боиси андӯҳи мо гардид.

Дар ин лаҳзаҳои ҳузнангез ҳамдардиву тасаллияти амиқи хешро ба мардуми дӯсти Эрон иброз дошта, барои пайвандон ва наздикони марҳум сабри ҷамил хоҳонам.

Худованд ҷояшонро ҷаннат ва маъвои охираташонро пурнур гардонад».


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28607

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>