Quantcast
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28597

Кӯдакону наврасони шаҳри Хоруғ ба тамошои театр фаро гирифта мешаванд

ХОРУҒ, 7.01. 2017 /АМИТ Ховар/.  Дар  рӯзҳои таътили зимистона кӯдакону наврасони шаҳри Хоруғ ба тамошои  намоиши «Барфак», ки дар Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Хоруғ ба намоиш гузошта мешавад, фаро гирифта мешаванд.

Тавре аз театри мазкур ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар»   иттилоъ доданд, намоишро коргардон Парпишо Қиматшоев таҳия намуда, нақшҳои асосиро ҳунарпешагони боистеъдоди театр иҷро мекунанд.

Спектакли «Барфак» ҳамарӯза ба намоиш гузошта  шуда, то охири мавсими таътили зимистона  идома меёбад.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28597

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>