Quantcast
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28608

Қутбиддин Муъминзода: «Барои хариду фурӯши қитъаи замин дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон илова намудани моддаи алоҳида ба мақсад мувофиқ аст»

Image may be NSFW.
Clik here to view.
dsc_0692-kopiya
ДУШАНБЕ, 6.01.2017 /АМИТ «Ховар»/.
«Таҷрибаи баррасии судии парвандаҳои ҷиноятӣ дар судҳо собит месозад, ки барои хариду фурӯши қитъаи замин дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарӣ бо моддаи алоҳида ва мушаххас пешбинӣ карда нашудааст ва кор ба ҷойе расидааст, ки дар рӯзномаҳо ба таври ошкоро хариду фурӯши қитъаи замин эълон мешавад»,-гуфт Қутбиддин Муъминзода, муовини Раиси Суди ноҳияи Рӯдакӣ ба хабарнигори АМИТ «Ховар».
Ба андешаи ҳамсуҳбат, мақомоти таъқиби ҷиноятӣ нисбат ба гунаҳгорони ин кирдор дар аксар маврид бо моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне қаллобӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз мекунанд ва судҳо низ бо ин меъёри қонуни ҷиноятӣ онҳоро гунаҳгор ҳисобида, нисбаташон ҷазо таъйин менамоянд. Номбурда бо мақсади мушаххас кардани ҷавобгарии ҷиноятӣ барои хариду фурӯши қитъаи замин дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон илова намудани моддаи алоҳидаро ба мақсад мувофиқ дониста, онро дар амалигардонии муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъмини кафолати истифодаи самараноки замин мусоидаткунанда номид.
Масалан, мақомоти таъқиби ҷиноятӣ (прокуратураи ноҳияи Ш) нисбат ба шаҳрванд П., таваллудаш 1 феврали соли 1990 ва З., таваллудаш 2 майи соли 1980 ба ҷабрдида Х., қитъаи замини масоҳаташ 0,2 га, воқеъ дар ноҳияи Ш., ҷамоати деҳоти М., деҳаи Х.-ро ба маблағи 30.000 сомонӣ фурӯхтааст ва барои ин кирдор нисбат ба онҳо бо моддаҳои 247 қисми 4 банди «б» ва 338/1/ қисми 2 банди «б» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон айб эълон намуда, парвандаро ба Суди ноҳияи Ш., равон кардааст. Суди марҳилаи якум бо ҳукми худ аз 12 июли соли 2016 онҳоро бо ин моддаҳои қонуни ҷиноятӣ гунаҳгор дониста, ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ таъйин намудааст. Парванда дар марҳилаи кассатсионӣ баррасӣ гардида, бо қарор аз 23 августи соли 2016 ҳукми суди марҳилаи якум бетағйир ва шикояти кассатсионии маҳкумшуда беқаноат мононда шудааст.
Аз рӯйи моҳияти айб маълум аст, ки байни судшавандаҳо ва ҷабрдида муомилот, яъне хариду фурӯши қитъаи замин сурат гирифтаааст ва судшавандаҳо ҳоло ҷавон буда, дар ягон ҷой кор намекунанд. Ҷабрдида дидаю дониста, ки ҷудо кардани қитъаи замин ба ваколати онҳо дохил намешавад, барои гирифтани қитъаи замин ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ш., муроҷиат накарда, онро харидорӣ кардааст. Ҳоло фурӯшандаҳои қитъаи замин дар ҳабс буда, харидор ба ҷавобгарӣ кашида нашудааст.
«Ба андешаи ман пешбинӣ кардани ҷавобгарӣ барои хариду фурӯши қитъаи замин (дар моддаи алоҳида) мувофиқи мақсад буда, яке аз омилҳои пешгирии ҷиноят дар соҳаи замин мебошад. Ҳамзамон моддаи нав метавонад барои иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истифодаи мақсадноки қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ» аз 3 октябри соли 2011, № 1147, ки дар он манъ будани хариду фурӯши қитъаи замин таъкид гардидааст, мусоидат намояд.
Айнан ба ҳамин монанд камбудиҳо, яъне хариду фурӯши қитъаи замин дар ҳудуди ноҳияҳои ҷумҳурӣ зиёд буда, такмили қонунгузории соҳа ба манфиати кор мебошад»,-илова намуд Қутбиддин Муъминзода.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28608

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>