Quantcast
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28705

Варзишгарони Тоҷикистон дар Бозиҳои IV ҳамбастагии исломӣ ширкат мекунанд

ДУШАНБЕ, 5.01.2016 /АМИТ «Ховар»/. Варзишгарони Тоҷикистон дар Бозиҳои IV ҳамбастагии исломӣ, ки аз 12 то 22 майи соли равон дар шаҳри Боку ҷараён мегиранд, иштирок мекунанд. Дар ин бора  Баҳрулло Раҷабалиев, котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Дар ин масъала охири соли гузашта дар шаҳри Душанбе бо кормандони масъули Кумитаи миллии олимпӣ ва роҳбарону намояндагони федератсияҳои миллии варзишии мамлакат ҷаласа гузаронида шуд. Аз рӯи пешниҳодҳо дар Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ тоҷикистониён аз рӯи 14 риштаи варзиш иштирок мекунанд. Дар маҷмӯъ мусобиқаҳо  аз рӯи 20 намуди варзиш гузаронида мешаванд. Тавре «ru.wikipedia.org» менависад,  «барои Бозиҳои чаҳоруми ҳамбастагии исломӣ иншооти нави варзишӣ сохта намешаванд ва онҳо дар 16 маҷмаи муосири варзишии Боку, ки пештар сохта шудаанд,  ҷараён мегиранд».

Аз рӯи хабари Кумитаи ташкилии мусобиқа барои ширкат дар  бозиҳо  аллакай 49 давлат дархост равон кардаанд.

Тақвими барномарезии мусобиқоти Бозиҳои IV ҳамбастагии исломӣ чунин омадааст:

 

Май 11
панҷ
12
ҷум
13
шан
14
як
15
ду
16
се
17
чор
18
пан
19
ҷум
20
шан
21
як
22
ду
Медалҳои тилло
Намудҳои варзиш кушод пӯшида
Баскетбол 3×3 2 2
Бокс 5 5 10
Гӯштингирӣ 4 4 4 4 4 4 24
Поло дар об 1 1
Волейбол 1 1 2
Гандбол 2 2
Дзюдо 5 5 4 14
Зӯрхона
Карате 8 7 12
Варзиши сабук 8 10 8 8 8 42
Шиноварӣ 7 8 9 7 11 42
Ҷаҳидан ба об 2 2 2 2 8
Тенниси рӯи миз 2 2 4
Гимнастика 4 10 14
Тирпарронӣ 3 3 2 3 3 3 3 19
Теннис 3 3 6
Тхэквондо 2 2 2 2 8
Вазнбардорӣ 3 3 3 3 3 15
Ушу 10 10 20
Футбол 2 2
Гимнастикаи  бадеӣ 2 6 8
Ҳамагӣ 0 0 23 24 23 18 35 34 34 24 28 16 259

 

 


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28705

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>