Quantcast
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28757

Мунира Шаҳидӣ: «Истиқлолияти кишварро бо фарҳанги ватанамон бояд тавъам бисозем»

Image may be NSFW.
Clik here to view.
munira-shahidi-00
ДУШАНБЕ, 28.12.2016 /АМИТ «Ховар»/.
Дар Осорхонаи ҷумҳуриявии маданияти мусиқии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ перомуни бардошт аз Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфил баргузор гардид.
Тавре ки хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар он намояндагони илму фарҳанг иштирок намуданд.
Мунира Шаҳидӣ, тарҷумон, олими шарқшинос ва сарвари Бунёди байналмилалии З. Шаҳидӣ баён намуд, ки ӯ ҳамчун мутахассис дар соҳаи тадқиқи адабиёту фарҳанг аз Паёми Пешвои миллат якчанд нуқтаи муҳимро ҳамчун дастур барои фаъолияти илмии ояндааш қайд кард.

 

 

Image may be NSFW.
Clik here to view.
munira-shahidi-0
«Якум ва муҳимтарин нуқтае, ки дар Паём садо дод, ин сармояи инсонӣ, баъдан истиқлолияти энергетикӣ буд. Тавре ки медонем, истиқлолияти энергетикӣ асоси истиқлолияти иқтисодии кишвар буда, барои ман ҳамчун фарҳангшинос муҳим он аст, ки истиқлолияти кишварро бо фарҳанги кишвар пайваст кунем. Сеюм, рушди илмӣ бо назардошти навовариҳои ҷаҳон, ки хеле масъалаи муҳим ба шумор меравад. Зеро насли имрӯзи мо чандон аз навгониҳои илмӣ, ки ҳамарӯза тағйир меёбанд, огоҳ нест. Барои ман ин нуқта бисёр рӯзмарра ва муҳим садо дод. Масъалаи рушди фарҳангӣ ва пурқувват намудани расонаҳои хабарӣ низ масъалае буд, ки дар Паём таъкид гашт. Имрӯз кормандони расонаҳои хабарӣ ва муҳаққиқон кам омӯзишу таҳқиқот мебаранд. Имрӯз мо соҳибистиқлол гаштаем, бинобар ин таҳқиқоти нав ба нав дар пайвастани арзишҳои маҳаллию миллӣ бо арзишҳои ҷаҳонӣ яке аз вазифаҳои муҳимест, ки дар Паёми Президенти кишвар садо дод ва мо муҳаққиқону журналистон ва аҳли санъат ба ин талабот бояд ҷавобгӯ бошем»,- баён намуд Мунира Шаҳидӣ.
Иштирокчиёни маҳфил Паёми Пешвои миллатро хеле пурмуҳтаво ва саривақтӣ арзёбӣ намуда, мулоҳизаҳои худро дар бораи ҳар нуқтаи он баён намуданд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28757

Trending Articles