Quantcast
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28844

Таъсиси 300 ҷойи нави корӣ дар Маҷмааи кӯҳию лижаронии «Сафед-Дара»

ДУШАНБЕ, 28.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни суханронӣ дар ифтитоҳи биною иншооти нави Маҷмааи кӯҳию лижаронии «Сафед-Дара» дар ноҳияи Варзоб зикр намуданд, ки: «Ба ташаббускорону соҳибкорон ва сармоягузорони ин иншооти замонавӣ барои чунин иқдоми ватандӯстонаашон, хусусан, ҷиҳати фароҳам овардани 300 ҷойи нави корӣ барои ҳамватанонамон изҳори сипос менамоям».
Сарвари давлат ҳамчунин таъкид намуданд: «Тибқи хулосаи мутахассисон дар сурати таъмин намудани рушди соҳаи сайёҳӣ имконият фароҳам меояд, ки саҳми соҳа то соли 2020 дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар то 5 фоиз ва саҳми ғайримустақими он барои рушди соҳаҳои дигари иқтисодиёт 15 фоизро ташкил намояд».


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28844

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>