Quantcast
Channel: АМИТ "Ховар"
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28669

Ба ВАО-и Туркия инъикоси тафтишоти куштори сафири Россия манъ карда шуд

$
0
0

ДУШАНБЕ, 27.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Додгоҳ дар Туркия ба ВАО муваққатан нашри маълумотро вобаста ба куштори сафири Россия Андрей Карлов то ба анҷом расидани тафтишот манъ кард. Дар ин бора агентии «Анадолу» хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки чунин қарор бо дархости прокуратураи Анқара қабул карда шуд. Онҳо (прокуратура) бар он назаранд, ки интишори маълумоти вобаста ба тафтишот метавонад дар гузаронидани он монеа эҷод намояд.
Тибқи қарори додгоҳ, ба ВАО интишори иттилоот доир ба ҷараёни тафтишот, гумонбарон ва дигар шахсони иштирокчии парванда, инчунин ҷой кардани аксҳо аз макони ҷиноят манъ аст.
Ёдовар мешавем, ки дар Анқара сафири Россия дар Туркия Андрей Карлов рӯзи 19 декабр зимни ифтитоҳи намоиши аксҳо таҳти унвони «Россия аз нигоҳи туркҳо» парронда шуд. Ҳамларо собиқ корманди таъйиноти махсуси Туркия Мавлут Мерт Олтинтош содир кард. Қотил дар ҷойи ҳодиса нобуд карда шуд.
Тавре ки агентии «REGNUM» хабар медиҳад, ба тафтишоти куштор комиссияи муштараки Россияву Туркия, ки бо тавофуқи шахсии президенти Россия Владимир Путин ва президенти Туркия Реҷеп Тайип Эрдуғон ташкил шудааст, машғул мебошад.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28669

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>