Quantcast
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28757

Институти тропикӣ ва тандурустии ҷамъиятии Швейтсария ба ДДТТ таҷҳизоти таълимӣ ва асбоби тиббӣ ворид намуд

ДУШАНБЕ, 19.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби Намояндагии Институти тропикӣ ва тандурустии ҷамъиятии Швейтсария дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи марҳилаи 3-юми Лоиҳаи ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ дар ҶТ барои Маркази омӯзиши малакаҳои амалии (МОМА) Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино таҷҳизоти таълимӣ ва асбобҳои тиббӣ бо маблағи 301 ҳазору 511 сомонӣ харидорӣ ва ворид карда шуданд. Дар ин бора аз Донишгоҳи мазкур иттилоъ доданд.
«Истеҳсолкунандаи таҷҳизот ва асбобҳои тиббӣ ширкати «Limbs@things»-и Британияи Кабир мебошад. Таҷҳизоти таълимию асбобҳои тиббӣ аз 26 номгӯй иборат буда, барои беҳтар гардидани сатҳу сифати омӯзиши малакаҳои амалии донишҷӯён мусоидат мекунанд», — илова кард манбаъ.
«Раёсати донишгоҳ барои боз ҳам васеъ кардани имкониятҳои МОМА-и Донишгоҳ бо роҳбарияти Намояндагии Институти тропикӣ ва тандурустии ҷамъиятии Швейтсария дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи марҳилаи 3-юми Лоиҳаи ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ дар ҶТ, ҷиҳати харидорию воридсозии таҷҳизоти муосири симулятсионӣ ҳамкориро идома медиҳад»,-таъкид кард манбаъ.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28757

Trending Articles