Quantcast
Channel: АМИТ "Ховар"
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28705

Кумитаи рушди маҳал натиҷаҳои фаъолият дар соли 2016-ро мусбат арзёбӣ кард

$
0
0

ДУШАНБЕ, 17.12.2016. /АМИТ «Ховар»/.  Дар Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  таҳти раёсати Қосим Роҳбар, Раиси  Кумитаи рушди маҳал  ва бо иштироки Ёқуб Исмоилзода, сардори Раёсати кор бо мақомоти идоракунии маҳалии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҳайати мушовара баргузор гардид. Дар ин бора аз Кумитаи мазкур хабар доданд.
Дар ҷаласа ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2016 ва вазифаҳои минбаъдаи воҳидҳои сохтории Дастгоҳи марказии Кумита  барои соли 2017 баррасӣ гардид.
Раиси Кумита Қосим Роҳбар ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Кумитаро барои соли 2016 дар доираи 14 банд  арзёбӣ намуда, баён дошт, ки таҳлили имрӯза бояд барои соли оянда заминаҳои устувор гузорад. Ҳамзамон Қосим Роҳбар  вобаста ба вазифаҳои гузошташуда ба воҳидҳои сохтории Дастгоҳи марказии Кумита дастуру супоришҳои мушаххас дод.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28705

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>