Quantcast
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28541

Аз 17 то 21 декабр дар ҷумҳурӣ ҳаво номусоид шуда, боридани барфу борони шадид пешгӯӣ мешавад

ДУШАНБЕ, 17.12.2016. /АМИТ «Ховар»/.  Мутахассисони Агентии обуҳавошиносии кишвар рӯзҳои 17-21 декабрро аз ҳавои номусоид, боридани барфу борони шадид ва туман огоҳӣ мекунанд. Ҳамчунин дар ин рӯзҳо ҳарорати рӯзона дар водиҳо 8 -10  дараҷа паст шуда, дар ноҳияҳои алоҳида шамол аз самти ғарб дар як сония   15-20 метр мевазад.
Дар шаҳри Душанбе борон дар назар аст. Ҳаво аз 10 то 12 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Бадахшон борони кӯтоҳмуддат борида, ҳаво аз 4 то 6 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Xатлон борон меборад. Ҳаво дар водиҳо аз 8 то 10 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд боридани борон пешбинӣ шуда, дар баландии 1200 метр барф меборад. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 2-7 то 13-18 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо аз 4 то 6 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ борон меборад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ аввал борон борида, баъдан ба барф табдил меёбад. Ҳаво дар водиҳо аз 10 то 12 дараҷа гарм мешавад.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28541

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>